Activities calendar

10 феврали 2020

Шадидтарин борон дар Сидней, ки 30 соли охир собиқа надоштааст

Шаҳри Седней – калонтарин ва қадимитарин шаҳри Австралия ба борони шадиде рӯ ба рӯ шуд, ки зарфи 30 соли охир собиқа надошт. Маркази ҳавошиносии ин кишвар гуфтааст, ки мизони бориши борон дар ин минтақа дар чаҳор рӯз аз 29 сантиметр гузаштааст ва метавонад  сабабгори селобҳои басо хатарнок шавад. Ин борандагии шадид бештар аз 100 ҳазор хонаро бе қувваи барқ мондааст.

Пешбинии тӯфонҳои хуршедии барои Замин хатарнок

Олимони Донишгоҳи Варвики Британия Кабир ва хадамоти антарктикии Британия ҳадди хатари тӯфони биомагнитиро, ки бар асари фаъолшавии офтоб рух медиҳад ва қодир аст ба таҷҳизоти электронӣ зарар расонад, шарҳ доданд ва гуфтанд, ки он ҳар 25 сол як маротиба рух медиҳад. Аммо тӯфонҳои хатарнок ва пурқудрат дар ҳар се сол ба вуҷуд меоянд. Дар ин бора нашрияи  Science Alert хабар дод.

Маргбортарин рӯзи вируси короно. Дар Чин рӯзи якшанбе 97 нафар аз ин беморӣ ҷон доданд

Рӯзи якшанбе марговартарин рӯзи вируси короно аз замони кашфи он буд. 97 нафар сокинони Чин бар асари сирояти ин беморӣ ҷон доданд. Шумори ҳалокшудагон аз шумори куштагони вируси SARS дар соли 2002 боло рафт. То кунун дар вилояти Ҳубейи Чин, ки беморӣ пайдо ва афзоиш ёфт, 780 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумори умумии ҳалокшудагон бар асари ин беморӣ ба 908 нафар расид, ки ба ҷуз ду