Рӯзи якшанбе марговартарин рӯзи вируси короно аз замони кашфи он буд. 97 нафар сокинони Чин бар асари сирояти ин беморӣ ҷон доданд. Шумори ҳалокшудагон аз шумори куштагони вируси SARS дар соли 2002 боло рафт. То кунун дар вилояти Ҳубейи Чин, ки беморӣ пайдо ва афзоиш ёфт, 780 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумори умумии ҳалокшудагон бар асари ин беморӣ ба 908 нафар расид, ки ба ҷуз ду нафар боқӣ ҳама дар Чин фавтиданд.
Соли 2003 бар асари эпидемияи вируси SARS 774 ба ҳалокат расида буданд. Бино ба маълумоти расмии мақомоти чинӣ то кунун бештар аз 40 ҳазор нафар сироятёфтагони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи ҳамин маълумот то кунун 3300 нафар муолиҷа шудаанд.
Рӯзи якшанбе ҳукуматдорони Чин эълон карданд, ки таҳсил дар мактабҳои Ҳубей то аввали моҳи март қатъ мешавад.
Ҷопон аз сирояти 96 нафар хабар дод, ки 70 нафари онҳо дар киштии гардишгарии “Даймонд” мебошанд. Дар ин киштӣ 3,7 ҳазор мусофирон қарор доранд, ки то кунун ба онҳо иҷозаи хуруҷ аз он дода нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе 3600 мусофири як киштии тафреҳӣ, ки муддати як ҳафта дар соҳили Ҳонконг лангар зада буд, баъди ташхиси тиббӣ аз он берун шуданд.
Субҳи имрӯз миллионҳо нафар сокинони Чин, ки то кунун дар таътили соли нав буданд, ба маҳалли кории худ бозгаштанд. Мақомот аз он нигаронанд, ки бо оғози фаъолиятҳои корӣ ва шуруъи рафтуомадҳо доманаи сирояти вирусро густариш медиҳад.
Рӯзи шанбе Фаронса аз ошкор шудани панҷ сироятшудаи дигар ба вируси короно хабар дод. Акнун теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Фаронса ба 11 нафар расид. Дар Британияи Кабир 4 нафар ва дар Русия 2 нафар мубталои ин вирус шудаанд.
Баино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон то кунун ягон нафар сироятшудаи ин вирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.