Activities calendar

28 феврали 2020

Олимон маргумири умумии ҳашаротҳо ва моҳиёни дарёиро пешгӯӣ карданд

Як пажӯҳиш мегӯяд зимистони гарм дар қаламрави Русия метавонад муҷиби маргумири бесобиқаи ҳашараҳо ва моҳиҳои дарёӣ шавад. Онҳо мегӯянд гармои сартосарӣ, ки ҳоло ба дамои ҳаво дар фасли зимистон ҳам асар гузоштааст, метавонад ба таври фоҷеабор насли хомӯшакҳоро кам кунад ва муҷиби он шавад, ки теъдоди моҳиҳои дарёӣ то се баробар коҳиш ёбад. Дар ин бора ахиран рӯзномаи “Известия” чопи Маскав навишт.

Коронавирус: Талошҳои байналмилалӣ. Нигарониҳо аз эпидемияи сартосарӣ дар олам

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебреисус изҳор дошт, ки мубориза бо густариши короновирус ба марҳилаи ҳалкунандаи худ расидааст. Камбудиҳо дар омодагӣ ба ин мубориза барои ҳар кишвар метавонад фалокатбор бошад. Аммо имрӯз яқин шудааст, ки агар тадбирҳои дуруст андешида шаванд, аз густариши вирус метавон пурра пешгирӣ кард.