Як пажӯҳиш мегӯяд зимистони гарм дар қаламрави Русия метавонад муҷиби маргумири бесобиқаи ҳашараҳо ва моҳиҳои дарёӣ шавад. Онҳо мегӯянд гармои сартосарӣ, ки ҳоло ба дамои ҳаво дар фасли зимистон ҳам асар гузоштааст, метавонад ба таври фоҷеабор насли хомӯшакҳоро кам кунад ва муҷиби он шавад, ки теъдоди моҳиҳои дарёӣ то се баробар коҳиш ёбад. Дар ин бора ахиран рӯзномаи “Известия” чопи Маскав навишт.
Директори Пажӯҳишгоҳи масоили оби Аакадемияи илмҳои Русия Виктор Данилов гуфтааст, ки гарм шудани ҳаво дар зимистон ба бедор шудани хомӯшакҳо сабаб мешавад, вале онҳо зимистон барои худ ғизо намеёбанд, чун ғизои аслии онҳо шарбати рустаниҳост. Дар натиҷа ин хомӯшакҳо наметавонанд аз худ насл боқӣ гузоранд ва аз беғизоӣ нобуд мешаванд.
Аз сӯйи дигар кирми ҳашаротҳо ғизои аслӣ барои баъзе намудҳои моҳиҳост, ки онҳо низ аз гуруснагӣ мемиранд. Худи хомӯшакҳо як ғизои муҳим барои кафлесакҳост.
Олимон мегӯянд коҳиши шумори моҳиҳо тадриҷан, тӯли қариб ним сол ва ё як сол эҳсос хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин пажӯҳишгарон мегӯянд набудани барф ва ҳавои гарм эҳтимолияти марги тухми моҳиҳои капурӣ, симмоҳиҳо, зағорамоҳиҳо ва карасҳоро ҳам ба вуҷуд меорад. Ҳамаи ин боис мешавад, ки насли моҳиҳо аз 20 то 30 дарсад коҳиш ёбад.