Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебреисус изҳор дошт, ки мубориза бо густариши короновирус ба марҳилаи ҳалкунандаи худ расидааст. Камбудиҳо дар омодагӣ ба ин мубориза барои ҳар кишвар метавонад фалокатбор бошад. Аммо имрӯз яқин шудааст, ки агар тадбирҳои дуруст андешида шаванд, аз густариши вирус метавон пурра пешгирӣ кард.
Эпидемияи Covid-19 аз қаламрави Чин хориҷ шудааст ва ҳоло яке паси дигар давлатҳо аз ошкор шудани беморони гирифтор ба ин вирус хабар медиҳанд. То 27-уми феврали соли равон дар 48 кишвари олам бештар аз 82 ҳазору 500 нафар мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори нигаронӣ кард, ки вирус назар ба Чин дар мамлакатҳои дигар босуръат инкишоф меёбад.
Дирӯз аз сирояти 453 нафар дар Италия хабар дода мешуд ва ин кишвар дар Аврупо дар айни замон ягона мамлакате мебошад, ки теъдоди гирифторон ва фавтидагон аз короновирус зиёд аст.
Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар айни замон дар саросари олам аз ин вирус 2 ҳазору 808 нафар фавтидаанд, ки қисмати бештари онҳо дар Чин мебошанд.
Олмон ахиран хабар дод, ки шумори умумии мубталоён ба SARS-CoV-2 дар ин кишвар 45 нафар аст. 16 тани онҳо аллакай муоилҷа шудаанд. Бегоҳии 27-уми феврал ҳукуматдорони Олмон аз 18 сироятшудаи нав хабар доданд, ки 14 нафари онҳо дар Рейни Шимолӣ мубтало шудаанд. Аввалин гирифторони вирус, кормандони ширкати Webasto Бовария ва аъзои хонаволаи онҳо мебошанд, ки аз аввали феврал ба муолиҷа фаро гирифта шуданд ва ҳоло аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Олмон ахиран эълон кард, ки барои мубориза бо короновирус даст ба иқдомоти ҷиддитар хоҳад зад. Аз ҷумла эҳтимол дорад чандин тадорукоти ҳатто байналмилалиро ҳам лағв кунад. Аз ҷумла қарор аст намоиши ҷаҳонии сайёҳии ITB барои як муддати номуайян ба таъхир андохта шавад.
Рӯзи 26 феврал хабаргузориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, ки мақомот сафарҳои дохилиро барои сокинон маҳдуд кардаанд. Киёнуш Ҷаҳонпур-сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон рӯзи гузашта аз мардуми ин кишвар хост аз сафарҳои безарурат дар қаламрави мамлакат худдорӣ намоянд. Дар айни замон теъдоди мубталоён ба короновирус дар Эрон ҳудудан 300 нафар гуфта мешавад, ки аксари онҳо дар шаҳри мазҳабии Қум мебошанд. Ахиран президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ гуфта буд, ки барои боздоштани сатҳи сироят ҳукумат ва ниҳодҳои беҳдоштӣ ба ду ҳафта вақт ниёз доранд. Баъди ин ду ҳафта метавон дар бораи асари тадбирҳои андешидашуда ҳарф зад.
Рақамҳои ҷадид:
То соати 20:00 рӯзи 27 феврал аз сирояти бештар аз 82 ҳазору 500 нафар дар саросари олам хабар дода шуд. Зиёда аз 2800 нафар фавтиданд ва беш аз 33 ҳазор тани дигар муолиҷа шуданд.
Коронавирусро зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Гурҷистон, Македонияи Шимолӣ, Норвегия, Покистон, Руминия, Дания, Шветсия ва Эстония ба қайд гирифтанд. Дар сомонаи gisanddata.maps.arcgis.com ҳар лаҳза омори тозаи сироятшудагон ва фавтидагон аз короновирус дар олам иттилоъ дода мешавад.
Берун аз қаламрави Чин коронвирус бештар дар Кореяи Ҷанубӣ – 1766 нафар, Италия – 528 нафар ва Эрон – 245 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи сироятёфтагон аз ҷумлаи шаҳрвандони Украина дар киштии тафреҳии Diamond Princess ба 4 нафар расидааст. Мақомоти Украина ахиран эълон карданд, ки дар кишвар ҳодисаи сироят ба COVID-19 дида нашудааст. Аммо аз сирояти як хонуми украинӣ дар Италия хабар дода мешавад. Ин духтар 26 сол дошта, дар Италия кор мекардааст.
26 феврали соли равон Кореяи Ҷанубӣ аз сирояти нави 169 нафар хабар дод. Дар миёни онҳо сарбози 23-солаи неруҳои мусаллаҳи ИМА низ будааст.
Талошҳои байналмилалӣ барои садди роҳ шудан ба эпидемияи коровирус
Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ эълон кард, ки аз рӯзи душанбе, 2 марти соли равон ҳамаи мактабҳои кишвар то аввали моҳи апрел баста мешаванд. Вале кӯдакистон ва ширхоргоҳҳо фаъолият мекунанд.
Сарвари демократҳо дар парламони ИМА Чак Шумер пешниҳод кард, ки ҳукумат барои муқобила бо короновирус 8,5 миллиард доллар ҷудо кунад.
Арабистони Саудӣ дари ҳаҷро ба рӯйи зоирони хонаи Худо баст. Ғайр аз ин шахсоне аз кишварҳои сироятшуда ба короновирус низ наметавонанд бо раводиди гардишгарӣ ба Арабистон оянд.
Гурҷистон парвозҳои ҳавопаймоҳои худ ба Эронро маҳдуд кард. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки як мубталои ин беморӣ аз Эрон тариқи Озарбойҷон вориди Гурҷистон шуд.
Исроил вуруди хориҷиён аз Италияро манъ кард. Рӯзе қабл хабар дода мешуд, ки як хонуми яҳудӣ, ки аз Милан ба Исроил баргашт, мубтало ба ин вирус буд. Ҳамаи касоне, ки бо ин ҳавопаймо омада буданд, бояд аз карантини 14-рӯза гузаранд.