Шадидтарин борон дар Сидней, ки 30 соли охир собиқа надоштааст

Шаҳри Седней – калонтарин ва қадимитарин шаҳри Австралия ба борони шадиде рӯ ба рӯ шуд, ки зарфи 30 соли охир собиқа надошт. Маркази ҳавошиносии ин кишвар гуфтааст, ки мизони бориши борон дар ин минтақа дар чаҳор рӯз аз 29 сантиметр гузаштааст ва метавонад  сабабгори селобҳои басо хатарнок шавад. Ин борандагии шадид бештар аз 100 ҳазор хонаро бе қувваи барқ мондааст.

Борон ҳоло ду сӯхтори азими Австралияро, ки муҷиби ҳалокати миллионҳо ҳавону ҳашорот шуда ва ҷангалҳои азимро ба хокистар табил дода буд, хомӯш кардааст.

Идораи ҳавошиносии Австралия ба сокинон ҳушдор додааст, ки минтақаҳои оташгирифтаро хавфи селҳои азим таҳдид мекунанд.

Бино ба навиштаи The Washington Post борони пуршиддат садди роҳи сӯхторе шуд, ки ҳамвора ба сӯйи Сидней ҳаракат мекард Ин сӯхтор дар Уелси Ҷанубӣ муддати 74 рӯз ба инҷониб идома дошт ва бештар аз 500 ҳазор гектар заминро ва 312 хонаро ба коми худ кашид.

Ҳукуматдорон дар бораи таъсиси шаш амалиёти наҷот аз сел хабар доданд.

барчасп: