Олимони Донишгоҳи Варвики Британия Кабир ва хадамоти антарктикии Британия ҳадди хатари тӯфони биомагнитиро, ки бар асари фаъолшавии офтоб рух медиҳад ва қодир аст ба таҷҳизоти электронӣ зарар расонад, шарҳ доданд ва гуфтанд, ки он ҳар 25 сол як маротиба рух медиҳад. Аммо тӯфонҳои хатарнок ва пурқудрат дар ҳар се сол ба вуҷуд меоянд. Дар ин бора нашрияи Science Alert хабар дод.
Бино ба ин таҳқиқот ду навъи тӯфони офтобӣ вуҷуд дорад: тӯфони фавқулода бузург ва тӯфонҳои фавқулода қавӣ. Чунин падида дар натиҷаи ба ҳам пайвастани магнитосфераи Замин бо зарраҳои заряднок аз баровардани массаҳои короналӣ ва тарқишҳои короналӣ ба вуҷуд меояд. Охирӣ қодир аст боди офтобии баландсуръат партов кунад, ки он аз сатҳи маъмулӣ ду маротиба тезтар ҳаракат мекунад.
Мутахассисон маълумоти дарёфтшудаи майдони магнитии Замин зарфи 150 солро таҳлил кардаанд. Онҳо тавонистанд зичии тӯфонҳои бавуҷудояндаи қувваашон гуногунро пешгӯӣ кунанд. Маълум мешавад, ки дар давраи мавриди назар тӯфонҳои фавқулода қавӣ 42 маротиба ва тӯфонҳои фавқулода бузург шаш маротиба рух додаанд.
Тӯфонҳои бузурги хуршедӣ метавонанд неруи барқро қатъ созанд, боиси зарар дидани маҳвораҳо ва муваққатан қатъ шудани сигналҳои GPS ва иртиботҳои радиоӣ шаванд. Бори охир соли 1989 дар Квебеки Канада чунин тӯфони пурқудрати геомагнитӣ рух дода буд. Он замон системаи тақсими қувваи барқ хароб шуд ва дар қисамтҳои ҷанубии Амрикои Шимолӣ дурахшҳои рушани қутбиро мушоҳида карданд.