Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: БАРФУ БОРОН ВА ХАТАРИ ТАРМА ДАР РОҲҲО!

Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаби гузашта дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъаи ВМКБ, Истаравшани вилояти Суғд, Ховалинги вилояти Хатлон, минтақаи Рашт барф ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ, Кушониён, Бохтар, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Душанбе борон борид. Боқӣ дар ҳама нукоти кишвар ҳаво абриву сард буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2019 дамои ҳаво тағйир меёбад, дар кулли манотиқи кишвар борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи тар меборад.   

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб  яхбандӣ, ҷо-ҷо барфтӯдаҳо мушоҳида хоҳад шуд. Дар ин роҳҳо ҳамчунин хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад, ки ин ҳаракати мошинҳо ва одамонро хатарнок мекунад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва агар ин гуна сафарҳо ногузир бошанд, пас бояд хеле эҳтиёт кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд.

Ах ҳамаи шумо хоҳиш мешавад қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунед ва ҷони худу ҷони ҳамроҳони худро дар хатар нагузоред!

ЁФТАҲОИ ДИГАР ДАР ИН БОРА:

Машварат дар фазои маҷозӣ: Чанд тавсия ба ронандагон дар остонаи фасли сард

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иртибот ба тағйири обу ҳаво

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон дар ин рӯзҳои мушкил

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ронандаҳо, эҳтиёт кунед!