Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Рӯзи 27-уми июни соли 2023 дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.

Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо

Ҳалокати як ҷавони 18-сола дар рӯди “Душанбе”

Бегоҳии 27-уми июни соли 2023 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки сокинон дар рӯди “Душанбе” як ҷасади ҷавони ношиносро мушоҳида кардаанд.

Маълум гардид, ки ин ҷавон 18 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Вай ҳангоми убур аз соҳили чапи дарё ба

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон пайи ҳам омад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар ду санаи муҳимро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бо гиромидошту арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои миллиамон истиқбол мегиранд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор орзу менамоям.

Ярмаркази пешазидӣ дар КҲФ

Имрӯз дар бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи марказии он ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои кормандон баргузор шуд. Ин тадбири пешазидӣ буд ва кормандон тавонистанд баъзе намуди мавриди ниёзи худро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

Страницы