Имрӯз -13 октябр Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳост, ки ҳамасола бо қарори Ассамлеяи генералии СММ дар саросари олам таҷлил мешавад. Дар ҳамин иртибот дар қаламрави кишвари мо аз моҳи сентябр то охири моҳи октябр ҳар гуна чорабиниҳо ва табдирҳоову корҳои таблиғотӣ гузаронида мешаванд.
Чунончӣ, дар асоси фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 13 октябр – Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон муштаракан бо намояндагони шарикони байналмилалӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи мазкур рӯзҳои 2 ва 3 октябри соли равон кормандони Раёсат якҷо бо намояндагони Раёсати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо кормандони масъули шӯъбаҳои маориф ва мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои Кумита дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оид ба рафтори дуруст ҳангоми заминларза машғулиятҳои омӯзишӣ гузарониданд. Дар роҳандозии ин машқҳо ба кормандони КҲФ намояндагони Агентии Оғохон оид ба муҳити зисти кӯмак расониданд. Дар рафти омӯзиш ба иштирокчиён – кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна китобчаҳое тақдим шуданд, ки дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар офатҳои табиӣ баҳс мекунанд.
Инчунин, санаи 12 октябри соли равон бо ҷалби хадамоти мудофиаи граждании вилоят, ташкилоту муассисаҳо, кормандони шуъбаи маориф ва илм, донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар, коллеҷҳои касбии техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 8, 9, 12, 13, мактаби варзишӣ, мактаби санъати бачагона, кӯдакистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ - Барномаи ҷаҳонии озуқаи Тоҷикистон, Созмони кӯдакони СММ Хазинаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Барномаи Рушди СММ дар шаҳри Бохтар ва намояндагии созмони «DIAY-GLOBAL» дар шаҳри Бохтар, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар чунин чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуданд: викторина дар мавзуи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, озмуни расми беҳтарин, намоиши таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, инчунин дастур оид ба коидаҳои истифодабарии воситаҳои муҳофизати радиасионй ва кимиёвӣ.
Дар ин чорабинӣ 1300 нафар коргарону хидматчиёни хадамоти мудофиаи гражданӣ, ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Ба чорабинӣ 8 мошини махсус ҷалб карда шуд. Ба иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо шаҳодатномаҳои КҲФ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.