Activities calendar

26 октября 2023

Сипосномаҳои Кумита ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

25 октябри соли 2023 дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими сарфароз гардонидани масъулини соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона, бомуваффақият ташкил ва дастгирии чорабиниҳои дарҳои кушод, бозиҳои варзишӣ ва беҳтарин озмуни расмкашӣ байни кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар барои роҳбарои раёсату шуъбаҳои вилояти Суғд

Бо мақсади такмили барномаи таълимӣ дар марказҳои таълимию методии вилоятҳо ва ноҳияҳо, инчунин вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, аз 25 то 27 октябри соли 2023 Маркази таълимию методии...

Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он ноҳияи Лахш буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 25-уми октябри соли 2023 соати 15:49 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 240 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Лахш, дар қаламрави ҳамин ноҳия буд.