КҲФ: Хатари омадани сел бар асари боронҳои шадид боқист
Чоп шуд: 06/10/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 7-8 октябри соли равон болоравии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимол дорад. Дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.