Activities calendar

02 октября 2023

Ҳамлаи гург ба як сокини ноҳияи Ишкошим. Тавсияҳои КҲФ дар ин маврид

Дар шарқи кишвар ҳодисаи ҳамлаи гург ба сокинон ба қайд гирифта шуд. 1 октябри соли 2023 тахминан соати 05:30 дақиқа ба як сокини 48-солаи деҳаи Яхшивули ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими ВМКБ гург ҳамла кард.

Ин ҳайвони ваҳшӣ дасти ӯро ҷароҳатдор кард. Чун садои имдоди ӯ ба гӯши ҳамсояҳо расид, филҳол ба ёрӣ шитофтанд

Бархӯрди ду мошин дар Кушониён сабаби марги як хонуми 53-сола шуд

Ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1 октяббри соли равон, соати 12:20 дақиқа хабар расид, ки  дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар он як нафар ҷони худро аз даст дод.

Номаи сипоси Раиси КҲФ ба волидони сарбозон расид

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳайати роҳбарикунанда  ба минтақаи Кӯлоб, вилояти Хатлон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ сафар карданд ва ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо аз номи Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба волидайни сарбозоне, ки дар қи