Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳайати роҳбарикунанда ба минтақаи Кӯлоб, вилояти Хатлон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ сафар карданд ва ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо аз номи Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба волидайни сарбозоне, ки дар қисмҳои ҳарбии КҲФ софдилона хидмат карданд, вазифаҳои сарбозии худро аз дилу ҷон ба ҷо оварданд ва тӯли ин ду сол ҳамеша самимиву содиқ буданд, Сипосномаҳо тақдим намуданд.
Волидон чун ин гуна таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумитаро диданд ва донистанд, ки фарзандонашон ду соли умри худро беҳуда нагузаронидаанд ва боварии фармондеҳони худро ба даст овардаву шоситаи сипоснома ҳам шудаанд, шод гаштанд ва барои чунин таваҷҷуҳ ба роҳбарияти Кумита миннатдорӣ баён намуданд.
Суханҳои пурмеҳру ситоиши як роҳбари ниҳоди давлатӣ бидуни шак боиси хушнудии падарону модарон мешавад ва онҳо ифтихор мекунанд, ки чунин фарзанди хушномро ба камол расондаанд.
Дар матни Сипоснома чунин омадааст: «Хидмат дар қисмҳои низомии КҲФ аз ҳар як шаҳрванд кордонӣ ва азму ирода, ҷасорату матонат, фарҳанги баланд ва омода буданро дар ҳар лаҳза ба кумаки як шахсе, ки дар душворӣ қарор дорад, тақозо мекнуад. Писари шумо ҳамаи ин хислатҳоро дорад. Вазифаҳои расмии ба зиммааш гузошташударо бошарафона иҷро намуда, дар таъмини амнияти шаҳрвандон аз офатҳои табиӣ, ҷомеа ва давлат саҳми арзанда гузоштааст. Ташаккури самимӣ ба шумо, падару модари азиз, ки фарзанди шумо шаҳрванди асил, ватандӯст ва ҳомиёни Ватанамонро ба воя расондед».
Дар хотима сарвари КҲФ ба волидони ин сарбозон тансиҳатӣ, хушиҳои рӯзгор ва хушбахтӣ барои тамоми умрро хостааст.