Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои ду рӯзи оянда дар кишвар
Чоп шуд: 05/10/2023 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/pogoda-havo-boron-19-_6-5-682x409_0.jpg?itok=MAzyW_1f)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 6-7 октябри соли 2023 дар водиҳои мамлакат бориши боронҳои шадид дар назар аст. Шаби 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борони шадид метавонад ба барф табдил шавад.