Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No8-и шаҳри Хоруғ, инчунин намояндагони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист рӯзи низофату покӣ дар соҳили дарёи Шохдара гузаронида, он ҷоро аз ҳар гуна партобҳо тоза намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти экологӣ, нигоҳ доштани тозагии зодгоҳ ва тоза намудани атроф аз партобҳои экологӣ мебошад. Бо чидду чахди якчоя 300 метри сохил аз хасу хаспораҳо тоза карда шуд.
“Мунтазам тоза кардани маҳалле, ки шумо зиндагӣ мекунед, муҳим аст. Соҳилои дарьёи минтақаи мо ҷои дӯстдоштаи истироҳати сокинони маҳал мебошанд. Аз ин рӯ, мо барои тоза кардани ҳудуд мунтазам корҳои ободонӣ анҷом дода, кӯшиш менамоем, ки насли наврасро ба ин корҳо одат куннонем», - қайд карданд кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ.