Activities calendar

21 октября 2023

Конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳо ба кори худ поён дод

20 октябри соли 2023 дар доираи татбиқи тавсияҳои Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Конфронс аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Кобинаи вазирони Ҷопон ва Маркази Осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ADRC) созмон дода шуд.

Озмун миёни рӯзноманигорон ҷамъбаст шуд

Дар ҳошияи Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид, натиҷаҳои озмуни хабарнигорон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо ҷамъбаст карда шуд. Озмун аз ҷониби КҲФ бо дастгирии молиявии Каритас Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда буд.

Ҷамъбасти ду озмуни дигар дар ин ҳафта

Ин ҳафта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторинаи радиоӣ ва озмуни беҳтарин расмҳо байни кӯдакон баргузор гардид. Ба 5 нафар голибони радиовикторина ва ба се нафар голибони конкурси беҳтарин сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.