Ҷамъбасти ду озмуни дигар дар ин ҳафта

Ин ҳафта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторинаи радиоӣ ва озмуни беҳтарин расмҳо байни кӯдакон баргузор гардид. Ба 5 нафар голибони радиовикторина ва ба се нафар голибони конкурси беҳтарин сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

КҲФ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва омӯзиши онҳо мунтазам дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ чорабиниҳои гуногуни оммавии тарбиявӣ мегузаронад.

Соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар   чорабиниҳои кушод бо намоиши мошину таҷҳизоти кумакрасонӣ, мусобиқаҳо, бозиҳои кӯдакона бо ҷалби табақаҳои осебпазири аҳолӣ, радиовикторина ва тренингҳо баргузор гардиданд.  

13 октябри соли 2021 дар Радиои Азия Плюс бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист як викторина баргузор гардид. Ба шунавандагони радио дар мавзӯҳои ҳолатҳои фавқулодда ва роҳҳои ҳалли онҳо саволҳои онлайн дода шуданд.

14 октябри соли 2023 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Хазинаи Кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), бо дастгирии молиявии Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии ИМА (ЮСАИД)  дар доираи Барномаи «Тақвияти зарфиятҳои маҳаллӣ ва миллӣ барои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки хатари заминларза ва офатҳои табиӣ зиёд аст» озмуни эҷоди кӯдакон – беҳтарин тасвир гузаронида шуд.

Дар ин озмун, ки дар боғи ба номи Алишери Навоии пойтахт баргузор гардид, наздик ба 100 нафар кӯдакону наврасони аз 8 то 16-сола иштирок карданд.

Бачаҳо дар расмҳои худ аз кору пайкори ҳамарӯзаи наҷотдиҳандагон ҳикоят карданд. Онҳо аз сӯхтор расм кашиданд ва нишон доданд, ки азамати хатари оташ то куҷо хатарнок аст.

 Онҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳам расм кашиданд ва ба ҳамсолони худ нишон доданд, ки дар ин ё он ҳодисаи фавқулода ва ё офати табиӣ чӣ бояд кунанд, то ҷонашон аз хатар наҷот ёбад.

 Ба назар мерасид бачаҳо аз ин гуна рӯйдодҳо огоҳии комил доранд ва мизони хатарро ҳам ба хубӣ дарк мекунанд. 

 Дар назди ширкаткунандагон Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Артур Ван Дизен суханронӣ карданд. 

Онҳо таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо тарғиби фарҳанги ҳаёти бехатар дар байни насли наврас, ба таваҷҷуҳи ҷомеаи васеъ расонидани аҳамияти вазифаи пешгирӣ ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар байни аҳолӣ мебошад. 

Ғолибон роҳбарони КҲФ, ЮНИСЕФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист изҳори сипос намуданд ва ваъда доданд, ки таҷрибаҳои андӯхтаи худро барои таблиғи тарзи бехатари ҳаёт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода истифода мебаранд.

барчасп: