Конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳо ба кори худ поён дод

20 октябри соли 2023 дар доираи татбиқи тавсияҳои Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Конфронс аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Кобинаи вазирони Ҷопон ва Маркази Осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ADRC) созмон дода шуд.

Дар кори он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ аз 30 кишвари Осиё, намояндагони дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва агентиҳои СММ иштирок намуданд. 

Дар Конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Матлубахон Сатториён бо суханони муқаддимотӣ  баромад кард. 

Дар нишаст ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид ва дар ҷараёни он паёми видеоии Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ хонум Мами Мизутори шунида шуд.

Аз ҷумла, ширкаткунандагон масъалаҳои марбут ба татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай дар кишварҳои узви Маркази осиёии коҳиши офатҳои табииро баррасӣ карданд. Дар доираи ACDR  соли 2023, пеш аз ҳама, ба пешрафт дар таҳкими системаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ тавассути табодули таҷрибаҳои хоси офатҳои табиӣ дар кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр ва обҳои озод надоранд, ва дуюм, таҷриба ва дарсҳои омӯхташуда аз офатҳои калонтарини охир дар кишварҳои узв, сеюм ташаббусҳои нав ва равишҳои ҷадиди кишварҳои узв ва созмонҳои шарик оид ба  омодагӣ ба офатҳои мураккаб ва офоте, ки ба ҳам иртибот надоранд, диққати асосӣ дода шуд. 

Дар ин конфронс ба мушкилоти муштараки кишварҳое, ки роҳи баромад ба обҳои озод надоранд, аз тариқи ҷаласаҳои техникӣ дар мавриди таҳдидоти  аслӣ ба кишвари мизбон Тоҷикистон пардохта шуд ва дар мавриди рафъи ин мушкилот табодули афкор сурат гирифт. Ду ҷаласа ба мавзуҳои зерин гузаронда шуд:

  1. Ҳалли инноватсионӣ барои ҷомеаҳои устувор: технологияҳои коҳиши хатари офатҳо барои заминларза ва зуҳуроти хатарноки геологӣ; 
  2. Мутобиқшавӣ ба бӯҳрони иқлим: Равишҳои инноватсионии мониторинг ва вокуниш ба обхезии кӯлҳое, ки бар бар асари об шудани пиряхҳо (GLOFs)ва шиддати обхезӣ пайдо шудаанд.

Дар доираи конфронс ба дунболи баррасии фоҷеаҳои такрорӣ дар миқёси бузург дар хушкӣ ва офатҳои фазояндае, ки ирибот бо буҳрони иқлимӣ дар Осиё доранд, аз нуқтаи назари таблиғоти рақамӣ (DX) имкон медиҳад.

Дар конфронс қайд карда шуд, ки иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор ба рушди муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намуда, Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 як чаҳорчӯби ҷаҳонӣ барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои таъмини рушди устувор мебошад.

Аз руи чамъбасти мачлис хулосаи конфронс кабул карда шуд.

барчасп: