Озмун миёни рӯзноманигорон ҷамъбаст шуд

Дар ҳошияи Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид, натиҷаҳои озмуни хабарнигорон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо ҷамъбаст карда шуд. Озмун аз ҷониби КҲФ бо дастгирии молиявии Каритас Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда буд.

Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода бо раиси Иттифоқи журналистон Зинатулло Исмоилзода ва директори минтақавии ширкати Каритас Швейтсария ҷаноби Шиннан Кассам рӯзноманигорони соҳибҷоизаро табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо ва дипломҳо тақдим намуданд.

Ба ин озмун аз расонаҳои хабарии кишвар бештар аз 20 мавод дар шакли электронӣ: видео, аудио маводҳои чопшуда дар шабакаҳои Интернет, нашрияҳои чопӣ пешниҳод шуда буданд.   

Интихоби дархостҳои озмун ба зиммаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузошта шуда, раиси ҳакамони озмун Зинатулло Исмоилзода  интихоб шуд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин асари телевизионӣ» директори Филиали миллии МТРК МИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вера Исмоилова, дар номинатсияи «Беҳтарин асар дар радио» намояндаи радиои «Садои Душанбе» Нигина Давронзод ва дар номинатсияи «Беҳтарин нашрияи интернетӣ» Намояндаи АМИТ «Ховар» Лайло Тоҳирӣ ғолиб дониста шуданд.

Ҳадафҳои асосии озмун инъикоси масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт дар байни аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бехатарӣ дар объектҳои об буд. Ҳамчунин, яке аз ҳадафҳои асосии озмун огоҳонидани аҳолӣ аз фаъолияти КҲФ ва тамоми сохторҳои ба низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвари мо ба шумор мерафт. 

барчасп: