Ҳамлаи гург ба як сокини ноҳияи Ишкошим. Тавсияҳои КҲФ дар ин маврид

Дар шарқи кишвар ҳодисаи ҳамлаи гург ба сокинон ба қайд гирифта шуд. 1 октябри соли 2023 тахминан соати 05:30 дақиқа ба як сокини 48-солаи деҳаи Яхшивули ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими ВМКБ гург ҳамла кард.

Ин ҳайвони ваҳшӣ дасти ӯро ҷароҳатдор кард. Чун садои имдоди ӯ ба гӯши ҳамсояҳо расид, филҳол ба ёрӣ шитофтанд ва гургро куштанду ҷони ҳамсояро аз бало раҳониданд.

Ҷабрдидаро фавран ба беморхонаи ноҳия бурданд. Дар айни замон табибон вазъи саломатии ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд. 

Ҳамлаи гургон - ин дарандаҳои ваҳшӣ ба чорвои хонагӣ ва инсон аз қадим аз ҷумлаи ҳодисаҳое будааст, ки аҳён-аҳён рух медиҳад. Бахусус агар гургон дар минтақае сайд пайдо накунанд, ба одамон ва чорвои хонагӣ низ дармеуфтанд ва зарфи чанд соли охир дар Тоҷикистон ин гуна ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки сокинон ҳамеша эҳтиёт кунанд. Бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳодисаҳои рӯбарӯ шудан бо хирсу гургу паланги барфӣ рух медиҳанд.

Тавсияҳо дар бораи ҳамлаи гургонро ин ҷо метавонед бихонед:

ҲАМЛАИ ГУРГОН БА ИНСОН. ЧАНД МАСЛИҲАТ АЗ КҲФ

 

барчасп: