Ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1 октяббри соли равон, соати 12:20 дақиқа хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар он як нафар ҷони худро аз даст дод.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хталон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва диданд, ки як мошини тамғаи «Opel Astra F», ки аз ҷониби як сокини 27-солаи шаҳри Душанбе идома мешуд, ба мошини боркаши тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter» бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини Опел, хонуми 53-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Наҷотдиҳандагон ҷасади хонуми ҳалокшударо аз дохили машини садамадида берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Сабаби садама дақиқ нест, вале ба эҳтимоли зиёд суръати баланди ҳаркат боиси он шудааст, ки ронандаи «Opel Astra F» аз уҳдаи идораи он набаромадааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтиром аз шаҳрвандон, бахусус аз соҳибони мошинҳо, ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд ва ҷиддан қоидаҳои мошинрониро риоя кунанд.