5 октябри соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин фаъолияти муштараки Кумита ва Иттиҳоди Аврупо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси КҲФ масъалаи ҳамкориҳои минбаъдаи Иттиҳоди Аврупо ва дафтари САҲА дар марҳилаи дуюми сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагонро, ки дар Қаратоғ сохта мешавад, матраҳ кард.
Ҳамчунин масъалаи пуштибонӣ аз тарҳи Иттиҳодияи Аврупо дар бунёди паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои ронандагон ва мусофироне, ки дар ағбаҳои Майхӯра ва Уштур бар асари ноҷӯриҳо дар обу ҳаво банд мемонанд, баррасӣ шуд.
Раиси Кумита таъкид кард, ки тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо дар ин замина махсусан муҳим аст ва КҲФ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.
Ҷаноби Кароблис итминон дод, ки дар оянда талошҳои муштаракро барои тавсеаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Дар рафти суҳбат аз рӯи масъалҳои барои ду ҷониб манфиатовари ҳамкориҳо табодули афкор сурат гирифт.