Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 7-8 октябри соли равон болоравии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимол дорад. Дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.
Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ба хотири таъмини амният аз рафтан ба ғунучини ҳезум, чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва ҳар гуна сафарҳои дигар ба доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд.
Инчунин, ҳавои номусоид кори чарогоҳҳо ва нигоҳдории чорворо дар онҳо мушкил мекунад. Бо мақсади пешгирии марги чорво аз офатҳои табиӣ аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар ин рӯзҳо чорворо ба минтақаҳои кӯҳиву назддикӯҳӣ набаред, ҳамчунин аз рафтан ба маконҳое, ки эҳтимоли омадани сел доранд, худдорӣ намоед.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, даъват мекунад, ки шабона ҳаракати худро маҳдуд кунанд.
Ҳамаи қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунед, хусусан боло бурдани суръати ҳаракати мошинҳо хатари бештар дорад.
Аз аҳолӣ ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, селроҳаҳо, ҷӯйборҳои назди ҳавливу хонаҳои худро аз қабл тоза кунанд, то оби зиёд бе ягон монеа равон шавад ва ба ҳавлиҳо надарояд.