Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он ноҳияи Лахш буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 25-уми октябри соли 2023 соати 15:49 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 240 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Лахш, дар қаламрави ҳамин ноҳия буд.

Бино ба маълумоти расида ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

барчасп: