Сипосномаҳои Кумита ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

25 октябри соли 2023 дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими сарфароз гардонидани масъулини соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона, бомуваффақият ташкил ва дастгирии чорабиниҳои дарҳои кушод, бозиҳои варзишӣ ва беҳтарин озмуни расмкашӣ байни кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Кумита барои мусоидат дар ташкил ва таъмини иҷрои ин чорабиниҳо роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва чаҳор ноҳияи пойтахт – И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, генерал-майор Ҷамшед Камолзода барои ҳамкории пайваставу ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар байни кӯдакону мактаббачагон ҷиҳати омодагии онҳо ба офатҳои табиӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Тавре маълум аст, КҲФ ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва ҳамчунин омодасозии онҳо дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ, бахусус кӯдакону мактаббачагон мунтазам чорабиниҳои гуногуни оммавии маърифатӣ мегузаронад.

Соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳо доир гардиданд, аз ҷумла омӯзиши кӯтоҳмуддат оид ба омодагӣ ба заминларзаҳои эҳтимолӣ, рӯзҳои дарҳои кушод бо намоиши мошину техникаи наҷот, озмунҳо, бозиҳои кӯдакона бо ҷалби қишрҳои осебпазири аҳолӣ, озмуни эҷодиёти кӯдакона – беҳтарин расм дар байни кӯдакон ва мактаббачагон ва ғайра.

Ҳамчунин, дар боғи ба номи А.Навоии шаҳри Душанбе бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) озмуни беҳтарин наққошиҳо миёни кӯдакон ва мактаббачагон ташкил ва баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар кӯдакону наврасон аз бахшҳои гуногуни мактабхои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

барчасп: