Бо мақсади такмили барномаи таълимӣ дар марказҳои таълимию методии вилоятҳо ва ноҳияҳо, инчунин вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, аз 25 то 27 октябри соли 2023 Маркази таълимию методии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд барои роҳбарони раёсат ва шӯъбаҳои КҲФ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз қабили Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Зафаробод, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ноҳияҳои Айнин, Ғафуров ва Шаҳристон давраҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Дар ин омӯзишҳо 20 нафар роҳбарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ширкат карданд ва дар мавзуъи “Барномаи омодагиҳои ҳайати роҳбарии мудофиаи гражданӣ” омӯзиш диданд.
Курси таълимӣ мавзуъҳои зеринро дар бар мегирад: «Барномаи таълими сарварони мудофиаи гражданӣ», «Ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, қоидаҳои рафтор дар объектҳои об, низоми ягона ва эвакуатсияи аҳолӣ», «Таърихи мудофиаи гражданӣ», «Мафҳуми қонунгузорӣ дар мудофиаи гражданӣ”, “Асосҳои нақшакашӣ” ва “Самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Инчунин, шунавандагони курс усулҳои расонидани ёрии аввалинро ҳангоми ҷароҳатҳое, ки аз ҷараёни барқ, дар натиҷаи сӯхтор, нури офтоб, сармохӯрӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, аз заҳри ҳашарот, дарандаҳо ва хазандагон, ғарқшавӣ ва заҳролудшавӣ гирифтаанд, омӯхтанд.
Мақсад аз баргузории ин курсҳои омӯзишӣ аз он иборат аст, ки ба наҷотдиҳандагон барои омӯхтани усулҳои нав дар иҷрои вазифаҳои худ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маҳорати касбии онҳо мусоидат намоянд.