Баҳси қоидаҳои бехатарӣ ва коҳиши хатари офатҳо дар ду барномаи мустақими радиоӣ

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо баргузор мегарданд, идома доранд.

КҲФ Тоҷикистон дар давоми моҳ як қатор чорабиниҳо, аз қабили мизҳои муддавар, вохӯриҳо, барномаҳои телевизионӣ, викторинаҳои радиоӣ, тренингҳо ва дигар чорабиниҳоро гузаронд, ки сатҳи огоҳии ҷомеаро оид ба омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда афзоиш медиҳад.

Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ин баланд бардоштани огоҳӣ аз он аст, ки барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Чорабиниҳо тибқи Нақшаи муштараки КҲФ бо вазорату идораҳо ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ моҳи сентябри соли 2023 оғоз гардидаанд.

Ҳамин тариқ, 13 октябри соли 2023 дар шабакаи радиоҳои «Садои Душанбе» ва «Тоҷикистон» муколамаи маърифатӣ байни кормандони Кумита ва шунавандагони радио ба таври мустақим баргузор гардида, давоми як соат кормандони КҲФ ба саволҳои баранда ва шунавандагони радио посух доданд.

Илова бар ин, дар Радиои “Азия плюс” викторина гузаронида шуд. Дар ин барнома низ мутахассисони Кумита ба пурсишҳои шунавандагони радио мустақим посух доданд.

Дар анҷоми сӯҳбат кормандони КҲФ ба шунавандагони радио муроҷиат карданд: “Имрӯз дар студия мо бисёр масъалаҳои муҳими марбут ба бехатариро баррасӣ кардем ва ба саволҳои шумо посух додем. Рақами ягонаи телефони наҷот “112”-ро мехоҳем ба шумо ёдрас кунем ва дар ҳоли шоҳиди ягон ҳодисаи фавқулода шуданд, бо мо дар тамос бошед. Дар суҳбат бо шумо дар ин барнома мо хостем шумо кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоед. Чун амнияту бехатарии шумо дар дасти худи шумост”!

Офатҳои табиӣ яке аз хатарҳои калонтарин барои рушди кишвар ва дар маҷмӯъ минтақа маҳсуб мешаванд, аз ин рӯ, аҳолӣ бояд барои вокуниши дуруст ва саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулодда омода бошанд ва инчунин тавони эҷоди иқтидори коҳиш додани офатҳоро дошта бошанд.  

барчасп: