КҲФ бо шарикони байналмилалии рушд чорабиниҳои таблиғотиро идома медиҳад (ВИДЕО)

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ якҷо бо шарикони байналмилалии рушд амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии коҳиш хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр»-ро дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ идома медиҳанд.

Таҳлили омори офатзадагон нишон медиҳад, ки асосан дар ин ҳодисаҳо кӯдакону маъюбон азоб мекашанд ва маҷруҳ мешаванд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба ҳалокат мерасанд. Бо дарназардошти ин, кормандони КҲФ ҳама гуна чорабиниҳои тарбиявиро махсус барои аҳолии имконияташон маҳдуд мунтазам мегузаронанд.

 Чунончӣ, 12 октябри соли 2023 кормандони КҲФ якҷо бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) бо дастгирии молиявии Созмони  Кӯмаки башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) дар доираи Барномаи «Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки хатари зилзила ва офатҳои табиӣ доранд» ва бо иштироки Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳамсояи шаҳри Душанбе чорабиниҳои варзишӣ баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ 60 нафар кӯдакон иштирок намуданд.

Ба кӯдакон барномаи варзишӣ, аз қабили арғамчинкашӣ, эстафета, аз болои сар гузарондани тӯб ва ғайра пешниҳод карда шуд. Онхо супоришхоро бо камоли майл ичро карда, маҳорати худро нишон доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакон аз ҷониби созмондиҳандагони чорабинӣ дипломҳо тақдим карда шуд.

 Илова бар ин, ба кӯдакон дар бораи фаъолияти КҲФ, таҷҳизоти махсус ва таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, ки ҳангоми корҳои наҷот ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода истифода мешаванд, таҷҳизоти мошини кимиёвӣ-радиометрӣ, инчунин таҷҳизоту воситаҳои таъмини ҳолатҳои фавқулодда маълумоти муфассал дода шуд. 

Ҷамъбасти чорабинӣ баромадҳои намоишии наҷотдиҳандагон дар амалиётҳои гуногуни наҷот буд.

барчасп: