Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳшиши хатари офатҳо

Идомаи чорабиниҳо

Кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои КҲФ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиш хатари офатҳои табиӣ, инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ - 13 октябр озмунҳои гуногун, мизҳои гирд, Рӯзҳои дарҳои кушод, вохӯриҳо бо донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, литсейҳои касбӣ ва кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ мегузаронанд

Чунончӣ, 10 октябри соли 2023 дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Нораки вилояти Хатлон, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстони вилояти Суғд, ВМКБ Хоруғ, дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, кормандони КҲФ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии мањаллӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ чорабиниҳои маърифатӣ ташкил ва гузарониданд.

Дар рӯзи дарҳои кушод дар ҷузъу томҳои КҲФ таҷҳизоти махсуси Кумитаро ба намоиш гузоштанд, наҷодиҳандагон амалиётҳои наҷотро амалан нишон доданд ва роҳу равиши кӯчонидани аҳолии зери офатҳо монда ва расонидани кумакҳои аввалияи тиббиро низ нишон доданд. 

Илова бар ин, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо иштироки кормандони КҲФ дарсҳои кушод гузаронида шуданд. Инчунин намоиши расмҳои хонандагони мактабҳо дар мавзӯи пешгирӣ аз офатҳои табиӣ баргузор шуд ва муаллифони беҳтарин расмҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани фарҳанги рафтор ва бехатарии аҳолӣ дар ҳолати таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, тарғиби фаъолияти наҷотдиҳандагон ва тадбирҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ идома доранд.

барчасп: