11 октябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита доир гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ ва хидматии КҲФ дар нӯҳ моҳи соли 2023-ро ҷамъбаст намуд.
Дар кори ҳайати мушовара сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти зидди жола, Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ, Раёсати масъалаҳои Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ иштрок кардан. Инчунин, Раёсатҳои КҲФ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шӯъбаҳои байниноҳиявии Кумита дар минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт дар низоми онлайн иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии омодагии воҳидҳои сохторӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ, хадамоти наҷотдиҳӣ ба мавсими зимистона, вазъи омодагии техникаву нақлиёт, захираҳои ғизо ва сару либос, инчунин рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дар ин давра рухдода гузошта шуда буд.
Аз рӯи масъалаи аввал муовини раиси КҲФ, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода суханронӣ кард. Инчунин ҳисоботи роҳбарони Раёсати таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт полковник З.Назарзода, Раёсати сохтмон, истифодабарии биноҳо ва иншоот Фарзон Иброҳим, Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ полковник Иззатулло Қурбонов, Раёсати кӯли Сарез Эроншо Аюбзода, Раёсати қушунҳои КҲФ полковник А.Ҷалилзода, роҳбарои хадамоти ҳарбикунонидашудаи кӯҳии шаҳрҳои Хуҷанд,Норак, Роғун ва роҳбарони Раёсадҳои се вилоят шунида шуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм Сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва сардорони шуъбаҳои КҲФ дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Айнӣ, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, ҳисобот доданд.
Дар суханронии худ Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии КҲФ дар давраи тирамоҳу зимистон идома додани корҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ дар вокуниш ба офатҳои табиӣ, гузаронидани корҳои мавсимй оид ба пешгирии хисороти азим дар офатҳои табиӣ, инчунин ба анчом расондан ва тайёр кардани техника ва васоили техникӣ ба мавсими зимистон, ба вучуд овардани захираи сӯзишворию равганҳои молиданй, озуқаворй ва доруворӣ мебошад.
Зимни ҷамъбасти ҷаласаи коллегия раиси КҲФ оид ба ҳадафҳои дарпешистода сухан ронда, аҳамияти татбиқи фармону дастурҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои ба уҳдаи Кумита гузошташуда, барномаҳои давлатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи босамари Барномаҳои қаблан қабулшударо қайд намуд. Раиси Кумита аз ҳайати шахсӣ ва кормандон талаб намуд, интизоми ҳарбӣ ва хидматиро қатъӣ риоя намуда, масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумитаро барои иҷрои вазифаҳои вазифавӣ баланд бардоранд.