КҲФ: агар ба Шумо ҷони худ ва наздикон азиз бошад, аз сафар намудан ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоед!

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар дода буд, ки аз аз 28 то 30 январи соли ҷорӣ эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии  ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим  боқӣ мемонад
Ҳамин тавр 28 январи соли 2017 дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма ҳамоно таҳдид мекунад!

Бар асари роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-уми январ наздик ба 500 нафар одамон ва 30 мошини боркашу 60 мошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз муҳосираи тарма ба макони амн интиқол дода шуд. Як нафар бенишон ғайб задааст.
28-уми январи соли 2017 бар асари 40 мавриди лағзиши тарма дар километрҳои аз 51 то 71 – уми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ҳаракати мошинҳо масдуд шуд ва бештар аз 100 мошин дар

Ҷамъомади таълимию методӣ бо мақомоти эвакуатсионии ноҳияи Шаҳринав

Имрӯз, 28-уми январ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия майор Сафаралӣ Ҳоҷиев ҷамъомади таълимию методӣ оид ба таъсиси комиссияи эвакуатсионӣ, омўзиши вазифаҳои ҳайати комиссия ҳангоми эвакуатсия ва арзишҳои моддӣ ва дигар ҳуҷҷатгузории комиссияҳоро баргузор кард.

Тарма дар роҳи Ишкошим-Хоруғ як занро кушт

Имрӯз, 28-уми январ бар асари тарма дар роҳи мошингарди Ишкошим-Хоруғ як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин иртибот аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар сафарҳо ба дурдаст ва рафтан ба ҷойҳои тармафаро худдорӣ кунанд.
Хеле эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти шахсиву атрофиёнашонро ба хатар наандозанд.

Даричаи ошноӣ: Ситоди ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт моҳи июни соли 1999 дар бинои собиқ КМС-12-и Вазорати сохтмон дар ноҳияи Рашт ташкил ёфтааст. Айни ҳол, бинои маъмурии Ситоди минтақавӣ дар маҳаллаи Сари-пул, кўчаи М. Шомаҳмад ҷойгир мебошад. Ситоди минтақавӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол кору фаъолият менамояд.

Страницы