Бар асари роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-уми январ наздик ба 500 нафар одамон ва 30 мошини боркашу 60 мошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз муҳосираи тарма ба макони амн интиқол дода шуд. Як нафар бенишон ғайб задааст.
28-уми январи соли 2017 бар асари 40 мавриди лағзиши тарма дар километрҳои аз 51 то 71 – уми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ҳаракати мошинҳо масдуд шуд ва бештар аз 100 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монданд.
Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гуруҳи корӣ таҳти сарварии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, полковник Муҳаммадҷон Салимзода созмон дода шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-уми январ наздик ба 500 нафар одамон ва 30 мошини боркашу 60 мошини сабукрав ба макони амн интиқол дода шуд. Як нафар бенишон ғайб задааст.
Ҳамчунин барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд.
Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.
Ҳукумати иҷроияи ноҳияи Варзоб ҷабрдидагонро бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин намуд. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷот ҳамоно идома доранд.
Ҳамчунин шаби 28-уми январ дар 91-умин километри роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, дар мавзеъи Кабудҷари ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод тарма фаромад. Барои тоза кардани роҳ ва таъмини ҳаракати бехатари мошинҳо ду адад техника сафарбар шудааст. Ин тармафароӣ қурбонӣ надошт.
Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонабарӯз фаъолият мекунад.
Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз сабаби гармиҳои чанд рӯзи охир ва боришоти нав эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад. Аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунем аз сафарҳои бидуни зарурат ба навоҳии куҳӣ ва тармахез муваққатан худдорӣ намоянд ва ҷонӣ худ ва ҷони сокинони дигари кишварро ба хатар наяндозанд.