Activities calendar

31 январи 2017

Ҳаракати мошинҳо ба дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сар гирифта шуд

Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сар гирифта шуданд. Сухангӯи  ширкати Innovative Road Solutions (IRS) Далер Абдулло дар суҳбат ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, ки субҳи имрӯз ҳаракати мошинҳо ба самти Хуҷанд оғоз шуданд. Ин ширкат 30 адад техникаи барфрӯбӣ ва роҳкоркунии худро барои тоза кардани роҳҳо аз барф ва ях, ҳамчунин осори тарма дар қитъаҳои ҷудогона равона кардааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Хатари тарма идома дорад!

Горы

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми январ то 3-уми феврали соли 2017 боришот идома ёфта, дар маҳалҳои куҳӣ боридани барфи тар интизор меравад.  
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Ҷиргатол, Душанбе-Рашт, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-

Бозтоби фаъолиятҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ниҳодҳои дигар дар ВАО-и дохиливу хориҷӣ

Бориши бесобиқаи барфи тар дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистон муҷиби лағзиши сершумори тарма ва дар мавридҳое боиси ҳалокати одамон ва зери барф мондани нақлиёт гардид.
Рӯзҳои истироҳати гузашта барои кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, нозирони роҳ ва ҳукуматҳои маҳалҳое, ки хафти тарма таҳдид мекард, пурташвиштарин рӯзҳо буданд.