Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ҳушдор медиҳад!!!
Чоп шуд: 16/01/2017 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 25-уми январи соли 2017 дар қаламрави кишвар ҳарорати ҳаво поён рафта, борони ба барфи тар гузаранда дар назар аст. Дар чунин ҳолатҳо часпиши барфи тар ба симҳои интиқоли барқ ва дарахтон пешбинӣ мешавад. Дар роҳҳи куҳӣ пайдо шудани ғарами