Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Хатари тарма идома дорад!

Горы

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми январ то 3-уми феврали соли 2017 боришот идома ёфта, дар маҳалҳои куҳӣ боридани барфи тар интизор меравад.  
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Ҷиргатол, Душанбе-Рашт, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб роҳҳо ях мебанданд, ҷо-ҷо ғарамҳои барф ҳаракатро ба мушкил рӯ ба рӯ месозанд. Ҳамчунин хатар афзуда, хавфи лағзиши барфу тарма вуҷуд дорад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳо ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд ва хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат ба маҳалҳои куҳӣ ва пурхатар масофаро риоя кунанд.

Хеле боэҳтиёт бошед, мошинҳоро бо суръати баланд наронед!

Ҳаёти худ ва ҳамроҳони худро зери хатар нагузоред!