Бориши бесобиқаи барфи тар дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистон муҷиби лағзиши сершумори тарма ва дар мавридҳое боиси ҳалокати одамон ва зери барф мондани нақлиёт гардид.
Рӯзҳои истироҳати гузашта барои кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, нозирони роҳ ва ҳукуматҳои маҳалҳое, ки хафти тарма таҳдид мекард, пурташвиштарин рӯзҳо буданд. Ҳама Ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ба ҳолати омодабош дароварда шуданд ва дар манотиқи куҳии шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим кормандони наҷот бо ҳама лавозимоту техникаи дар ихтиёр доштаи худ даст ба амалиётҳои наҷот заданд.
Бар асари роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-ум ва рӯзи 30-уми январ наздик ба 800 нафар одамон ва мошинҳои боркашу сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз муҳосираи тарма ба макони амн интиқол дода шуданд. Аз нопадид шудани як нафар ҳам хабар дода мешуд. (То лаҳазоте баъд омори нав пешкаш мешавад).
Агентии милии иттилоотии “Ховар” хабар дод, ки “Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим то имрӯз боқӣ монда, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, ҳолати тармафароӣ боз 3-4 рўзи дигар идома хоҳад ёфт”.
Хабаргузории «Азаттык» хабар дод, ки бар асари лағзиши тарма дар маҳалли куҳӣ 7 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин хабаргузорӣ аз қавли сарвари дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Умеда Юсупова гуфтааст, ки зарфи як ҳафтаи гузашта 40 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Сухангӯи Кумита ҳамчунин гуфтааст, ки теъдоди ҳалокшудагон бар асари тарма дар ҳоли афзоиш аст.
“РИА Новости” низ истинодан ба манбаъҳояш дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз зери тарма мондани як мошин хабар додааст, ки дар натиҷа 5 тан ҳалок шудаанд. Ҷасади онҳоро аз жарфои 150 метр берун овардаанд.
Ин хабаргузории давлатии Русия ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар навоҳии Куҳистони Бадахшон низ ду тан зери тарма мондаву кушта шудаанд.
Нашрияи бонувузи “Известия” дар охирин шумораи худ зери сарлавҳаи “Ҳафт нафар дар Тоҷикистон зери тарма монданд” навишт, ки дар навоҳии куҳистони Тоҷикистон 7 нафар дар натиҷаи лағзиши тарма ба ҳалокат расидаанд ва ду нафари онҳо дар Вилояти мухтори Бадахшон ва 5 тан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мебошанд. Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дигари назорати роҳ ҳудудан 800 нафарро бо мошинҳояшон аз муҳосираи тарма берун кашида, ба ҷойи амн интиқол додаанд.
Хабаргузории “Авесто” низ аз ҳалокати 7 нафар ва интиқоли 800 тан ба маҳалли амн аз муҳосираи тарма иттилоъ додааст.
Ин хабаргузорӣ истинодан ба сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки то 30-уми январ дар қаламрави кишвар 40 ҳодисаи лағзиши тарма ва бориши шадиди барф ба қайд гирифта шуд.
mir24.tv дар гузориши тасвирие аз наҷоти бештар аз 800 нафар ва ҳудудан 200 мошин аз муҳосираи тарма хабар дод. Ин расонаи хабарӣ иттилоъ дод, ки вазъ бахусус дар самти ҳаракати Душанбе-Хуҷанд буғранҷ аст. Ҳолати фавқулодда дар манотиқи куҳии Тоҷикистон боз 3-4 рӯзи дигар боқӣ мемонад.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ дар як шабонарӯз 50 мошини боркаш, 150 мошини сабукрав ва бештар аз 800 нафар мусофирон ба маҳалҳои амн интиқол дода шуданд.Радиои “Озодӣ”
аз ҳалокати ду афсари милиса хабар дод, ки зери барф монда буданд. Инҳо аз вазорати умури дохилӣ масъули посбонии нақби "Истиқлол" будаанд, ки маркази Тоҷикистонро ба шимоли кишвар ба вилояти Суғд мепайвандад.
Ин радио ҳамчунин афзуд: “Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 30-уми январ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар маҳалли ҳодиса гуфтанд, ки шаби 29-уми январ тарма дидбонгоҳи афсаронро зер карда ва ба ҷарӣ андохтааст. Афсарони вазорати умури дохилӣ масъули назорати ҳаракати нақлиёт дар ин нақби муҳими Тоҷикистон ҳастанд”.
Ба қавли онҳо, баъди фалокат, як ҳайат аз вазорати умури дохилӣ бо раҳбарии Абдулло Навҷувонов, муовини вазир ба маҳалли ҳодиса рафтаанд. Ҷасади афсар, ки ҳуввияташро эълон накардаанд, ба Душанбе оварда шудааст ва ба ҷони ду маъмури милисаи дигар хатар таҳдид намекунад.
Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Хуҷанд идома дорад, ки аз рӯзи 28-уми январ бар асари резиши тарма дар даҳҳо қисмати он баста аст. Дар инҷо бар асари тарма, мошинҳои зиёде дармонданд ва маҳз дар ин роҳ 6 нафар зери тарма монда ҷон доданд ва мақомот мегӯянд, ки се нафари дигар бенишон аст.
“Коментария” хабар дод, ки аз сабаби барфи зиёд ва хавфи бештари лағзиши тарма роҳи мошингарди “Душанбе-Хоруғ-Мурғоб” муваққатан баста шудааст.
Ва ниҳоят:
Ахиран расонаҳои хабари иттилоъ доданд, ки як тан аз қурбониёни тарма дар шаҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” Фариза Носирова, донишҷӯи Донишгоҳи тибии Данғара будааст. Вай бо ҷумла ҳароҳонаш ба идомаи таҳсил аз Хуҷанд ба Данғара бармегаштаанд. Чор тан бо фирор ҷон ба саломат бурдаанд, вале Фариза зери ғарами барф мондаву ба ҳалокат расидааст.