Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сар гирифта шуданд. Сухангӯи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) Далер Абдулло дар суҳбат ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, ки субҳи имрӯз ҳаракати мошинҳо ба самти Хуҷанд оғоз шуданд. Ин ширкат 30 адад техникаи барфрӯбӣ ва роҳкоркунии худро барои тоза кардани роҳҳо аз барф ва ях, ҳамчунин осори тарма дар қитъаҳои ҷудогона равона кардааст.
Манбаъ гуфтааст, ки “дар қитъаи 46 то 73-километраи роҳ бештар аз 60 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст ва баландии ғарами барфҳо дар ҷодаҳо то ба 10 метр мерасид. Дар айни замон мошинҳои боркаши дармонда дар роҳҳо ба манотиқи бехавф интиқол дода шуданд”.
Ин манбаъ ба “Авесто” гуфтааст, ки соҳибони мошинҳои сабукрав, ки мошинҳои худро канори роҳҳо мегузоранд, дар аксар мавридҳо сабабгори эҷоди мушкилот дар манотиқи тармахез мешаванд. “Мо аз соҳибони ин мошинҳо хоҳиш мекунем ба хотири коҳиши хатар мошинҳояшонро аз ин минтақаҳо бигиранд ва ба ҳаракати мошинҳо дар роҳ халал нарасонанд”.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон як ҷадвали вежаи ҳаракати мошинҳо ба самти Хуҷандро тартиб додааст. Тибқи ин нақша аз Хуҷанд ба Душанбе мошинҳо дар рӯзҳои тоқ ва аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар рӯзҳои ҷуфт ҳаракат хоҳанд кард. Яъне, ҳаракати мошинҳо аз субҳи имрӯз якҷониба ба роҳ монда шудааст.