Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт моҳи июни соли 1999 дар бинои собиқ КМС-12-и Вазорати сохтмон дар ноҳияи Рашт ташкил ёфтааст. Айни ҳол, бинои маъмурии Ситоди минтақавӣ дар маҳаллаи Сари-пул, кўчаи М. Шомаҳмад ҷойгир мебошад. Ситоди минтақавӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол кору фаъолият менамояд.
Аз давраи ташкилшавӣ то моҳи марти соли 2002 роҳбарии Ситоди минтақавиро полковник Абдуалимов М. ба ўҳда дошт.
Аз моҳи марти соли 2002 то моҳи апрели соли 2007 сардори Ситоди минтақавӣ подполковник Усмонов М. ва аз моҳи апрели соли 2007 то моҳи декабри соли 2007, Иҷрокунандаи вазифаи сардори Ситоди минтақавӣ майор Ғиёсов Р. буд.
Аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи июли соли 2015 сардори Ситоди минтақаи Раштро полковник Мирзошарипов Некрўз ба ўҳда дошт.
Аз моҳи июли соли 2015 то моҳи июли соли 2016 полковник Зайнуддинов Шомаҳмад сардори Ситоди минтақавӣ буд.
Аз моҳи августи соли 2016 сардори Ситоди минтақавӣ майор Маҳмудов Суҳроб таъин гардид.
Собиқадорони Ситоди минтақавӣ подполковник Абдуалимов М.-собиқ сардори Ситод оид ба ҲФ ва МГ-и минтақаи Рашт (айни ҳол дар нафақа), подполковник Усмонов Музаффар -собиқ сардори Ситод оид ба ҲФ ва МГ-и минтақаи Рашт (айни ҳол дар нафақа), подполковник Саймуродов И-сардори Курсҳои байниноҳиявӣ (айни ҳол дар нафақа), майор Шафиев Ванҷалӣ- афсари калони Курсҳои байниноҳиявӣ(айни ҳол дар нафақа), подполковник Турсунов Илҳом-сардори Ситод оид ба ҲФ ва МГ-и ноҳияи Ҷиргатол (айни ҳол дар нафақа), подполковник Нуруллоев Ислом - сардори Ситод оид ба ҲФ ва МГ-и шаҳри Роғун (айни ҳол дар нафақа) мебошанд.
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт (минбаъд-Ситод) пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин чорабиниҳои мудофиаи гражданиро дар минтақа татбиқ менамояд.
Нигоҳе ба гузашта
Рўзи 20 июли соли 2015 тахминан соатҳои 17.00 дақиқа дар ноҳияи Рашт дар натиҷаи борону ҷолаи кўтоҳмуддат ҳодисаҳои фаромадани сел дар ду қисмати кўҳ, ҳам дар тарафи шимол-ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода ва ҳам дар тарафи ҷануб-ҷамоати деҳоти Навдӣ дар як вақт ба қайд гирифта шуд. Оқибат ин боришоти кўтоҳмуддат сели пурдаҳшатро ба вуҷуд овард, ки таърихи ин маҳал чунин ҳодисаи ҳузнангезро ёд надошт.
Деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедак ду - се киллометр болотар аз маркази ноҳия шаҳраки Ғарм дар дараи Ҳалқарф ҷойгир мебошанд. Аз ду тарафи канори дарёча мавзеъи аҳолинишин ҷойгир мебошад. Ин деҳаҳо яке аз сераҳолитарин деҳаҳои ноҳияба шумор мераванд. Сел хоҷагиҳо ва хонаҳои истиқоматии дар ду канори дарёча ҷойгир бударо зери хоку лой мемонад. Дар натиҷа дар ноҳияи Рашт зиёда аз 50 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуда аҳолии онҳо бесарпаноҳ мондаанд. Инчунин тақрибан 50 хоҷагии дигар қисман зарар дидаанд.
Дар натиҷа ин ҳодисаи даҳшатовар як нафар маъюби дараҷаи якум, зери сел монда, ба ҳалокат расид. Дигар хисороти коммуникатсионӣ ва инфрасохториро комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб гирифта, муайян карданд, ки хатҳои интиқоли қувваи барқ, оби нўшокӣ, истгоҳҳои барқӣ ва пулҳо одамгузар пурра зарар диданд. Дар ҷои ҳодиса хадамоти мудофиаи гражданӣ корҳои бартарафкунӣ ва барқароркуниро муташакилона иҷро намуданд.
Ба аҳолии зарардида аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмаки яквақтаинаи пуллӣ расонида шуд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагон кўмакҳои аввалияи моддӣ дастрас гардонида шуд. Аз тарафи кормандони Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда барои зисти муваққатии аҳолии бесарпаноҳ дар мавзеи бехавф шаҳрчаи хаймавӣ сохта шуд. Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба зарардидагон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Тибқи супориши Сарвари давлат дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикисон рўзи 22 июли соли 2015, ба ҳамаи зарардидагоне, ки бесарпаноҳ монданд, хонаҳои ҳозиразамони истиқоматӣ, 44 хонаи истиқоматӣ, таъмин бо ҳамаи таҷҳизотҳои зарурии рўзгор, сохта ба истифода дода шуд. Барои дастгирӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ, аз ҳамаи хайрхоҳон ва соҳибкорони ҷумҳурӣ кўмакҳои хайрхоҳона ба ҳисоби махсусе, ки дар бонкҳо кушода шуда буд гузаронида шуд.
Заминларзаи рузи 1 июли соли 2016 дар ноҳияи Рашт ба аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ зарари ҷиддӣ расонид. Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон дар маҷмуъ 44 хоҷагӣ: деҳаи Ҳазорчашма 30 хона, деҳаи Аскалон 3 хона, деҳаи Шархо 1 хона, деҳаи Яхакпаст 2 хона, деҳаи Ярхаб 1 хона, Кул 6 хона, Қалъачак 1 хона зарар диданд. Инчунин, 3 мактаб, 1 трансформатор ва иншоотҳои ёрирасон зарар диданд.
Дар ҳамаи ҳолатҳои фавқулоддаи мудҳише, ки дар боло зикр гардиданд ҳайати шахсии Ситоди минтақавӣ фаъолона иштирок карда, сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва дар расонидани кўмак ба зарардидагон, наҷот додани одамон ва дигар чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда фаъолона иштирок намудаанд. Хизмати шоёни афсарон аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ гардидаанд.