Ҷамъомади таълимию методӣ бо мақомоти эвакуатсионии ноҳияи Шаҳринав
Чоп шуд: 28/01/2017 | adminИмрӯз, 28-уми январ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия майор Сафаралӣ Ҳоҷиев ҷамъомади таълимию методӣ оид ба таъсиси комиссияи эвакуатсионӣ, омўзиши вазифаҳои ҳайати комиссия ҳангоми эвакуатсия ва арзишҳои моддӣ ва дигар ҳуҷҷатгузории комиссияҳоро баргузор кард.