Имрӯз, 28-уми январ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия майор Сафаралӣ Ҳоҷиев ҷамъомади таълимию методӣ оид ба таъсиси комиссияи эвакуатсионӣ, омўзиши вазифаҳои ҳайати комиссия ҳангоми эвакуатсия ва арзишҳои моддӣ ва дигар ҳуҷҷатгузории комиссияҳоро баргузор кард.
Ин чорабинӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав дар соли 2017 гузашт.
Ҳамзамон дар рафти ҷамъомад аз ҷониби раиси комиссияи эвакуатсионии ноҳия, муовини раис оид ба соҳаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Ш. Саидзода қарор оид ба вазифагузории ҳайати роҳбарикунандаи комиссия ва аъзоён қабул гардида, намунаи нақшаҳоро барои пура намудани харита ва нақшаи эвакуатсияи аҳолӣ ва арзишҳои моддии ноҳия ба аъзоё комиссия дастрас намуд.
Раиси Комиссия ба мутасаддиён то таърихи 5-уми феврал муҳлат дод, ки дастурҳо иҷро шаванд.
Ҳамзамон бо ин Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав дар асоси барқияҳои огоҳие, ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба номусоид омадани обу ҳаво дастрас мегардад, аҳолиро бо воситаи радиои мавҷии «Паёми Шаҳринав» аз 45 нуқта ва рўзномаи «Ҳақиқати Шаҳринав» инчунин зернизомҳои вазифавӣ огоҳ месозад.
Ҳоло дар тамоми ташкилоту идораҳо навбатдории шабонарўзӣ таъсис дода шуда, қувва ва воситаҳои ноҳия дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта шудааст.
Кормандони Ситод пайваста барои таъмини бехатарии роҳҳо, пешгирӣ аз шикастани дарахтон аз барфи тар тадбирҳо меандешанд ва барои сабук кардани бори шохаҳои дарахтон иштирок мекунанд.