Имрӯз, 28-уми январ бар асари тарма дар роҳи мошингарди Ишкошим-Хоруғ як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин иртибот аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар сафарҳо ба дурдаст ва рафтан ба ҷойҳои тармафаро худдорӣ кунанд.
Хеле эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти шахсиву атрофиёнашонро ба хатар наандозанд.
Аз ин пештар Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда хабар дода буд, ки аз сабаби гармиҳои чанд рӯзи охир ва боришоти нав эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.