Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз аз 28 то 30 январи соли ҷорӣ эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад
Ҳамин тавр 28 январи соли 2017 дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи фаромадани тарма дар ВМКБ 2 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд.
Дар нптиҷаи фаромадани 40 тарма ва боришоти барфи пуршиддат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳкам аст, бештар аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монданд. Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда созмон дода шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз 28 то 29-уми январ наздик ба 800 нафар одамон ва 50 мошини боркашу 150 мошини сабукрав макони амн интиқол дода шуд. То бегоҳии 29-уми январ наҷотдиҳандагони Кумита аз ҷарии 150 метр 4 ҷасад ва аз мошин 1 ҷасадро ёфтанд.
барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.
Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонабарӯз фаъолият мекунад.
Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд ва ҷонӣ худ ва наздикони хешро ба хатар наяндозанд. Ҳолати тармафароӣ боз 3-4 рўзи дигар идома хоҳад кард.