КҲФ ҳушдор медиҳад: Аз 66 ғарқшудаи имсол 31 нафарашон бачаҳои то 16-сола!

Дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд.

Чунончӣ, 16 июни соли 2024, тахминан соати 13:20 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Арзи сипос ба КҲФ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва як гурӯҳ сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов бо ирсоли як нома ба унвони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба дастгириву кумакҳо ҷиҳати рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос кардаанд.

Сел дар Дарвоз

18 июни соли 2024 соати 03:00 дақиқа боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар километри 368 роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ шуд, ки аз қаламрави деҳаи Кеврони ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз мегузарад.

Дар натиҷа лойоба, сангу рег қитъаи роҳро баста, ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ сохт.

Ба сокинони 11 шаҳр ва ноҳияи аз офатҳо зарардидаи кишвар ёриҳои башардӯстона расид

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ёрии навбатии башардӯстона расонд.

Сел дар каламрави нохияи Мастчох. Талафоти чониву вайронии дигар нест

14 июни соли 2024 бар асари боришоти шадид дар километри 5 ва 12-уми роҳи байни деҳаҳои Обурдон ва Камодони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сел роҳҳоро баст.

Барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техника ва кормандони хадамоти роҳи вилоят сафарбар карда шуд. Пас аз анҷоми корҳо, роҳ тоза ва ҳаракати

Страницы