Арзи сипос ба КҲФ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва як гурӯҳ сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов бо ирсоли як нома ба унвони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба дастгириву кумакҳо ҷиҳати рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос кардаанд. Дар нома аз ҷумла омадааст:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва як гурӯҳ сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов ба Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои ҳамешагӣ дар самти пешгирӣ аз хавфи ҳолатҳои фавқулода изҳори сипос мекунанд.

Тавассути дастгириҳои ҳамешагии ин ниҳод дар самти пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия, махсусан дар мавзеи осебдида корҳои азими беҳгардониву бехавфгардонӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сомон расонида шуда истодааст.

 Хусусан, намунаи олии ин дастгириҳо тӯли як моҳ тавассути техникаи махсус корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаву васеъ намудани каналу заҳкашҳо, барқароркунии селроҳаву селпартоҳо, ки ҳангоми селҳои охир осеб диданд,  дар рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва таъмини бехатарии сокинон аз офати табиӣ нақши муҳим дорад, ба ҳисоб меравад.

барчасп: