Сел дар Дарвоз

18 июни соли 2024 соати 03:00 дақиқа боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар километри 368 роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ шуд, ки аз қаламрави деҳаи Кеврони ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз мегузарад.

Дар натиҷа лойоба, сангу рег қитъаи роҳро баста, ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ сохт. Роҳ муваққатан баста гардид.

Барои рафъи вазъияти баамаломада хадамоти роҳи ноҳия техникаи махсус чудо кард.

Баъди анҷоми корҳои бартарафсозӣ қитъаи роҳ боз гардида, равуои мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

барчасп: