КҲФ ҳушдор медиҳад: Аз 66 ғарқшудаи имсол 31 нафарашон бачаҳои то 16-сола!

Дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд.

Чунончӣ, 16 июни соли 2024, тахминан соати 13:20 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рух додааст. 16 июни соли 2024, соати 17:40 як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали «Тоҷикистон» ғарқ шудааст.

Пас аз гирифтани маълумот наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Соати 19:10 ҷасади наврасро пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳодисаи сеюм дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шудааст. Фоҷиа 17 июни соли 2024 тахминан соати 05:00 рух додааст. Сокини дусолаи деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст.

Сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад.  

Гуфтанист, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола мебошанд. 

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикон изҳори ҳалокшудагон изҳори таслият намуда, аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

барчасп: