январи 2020

Ҳушдори дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9-уми январи соли 2020 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд туман, бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар дошта шудааст.  Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Тақвими рӯз: 70 сол пеш дар чунин рӯзе

Ин ҳам як саҳфаи таърихи башар аст. Сарнагунии ҳавопаймо дар шаҳри Свердловски Русия. 70 сол қабл дар чунин рӯзе ҳавпаймои Ли-2 дар наздикии фурудгоҳи Колсовой, дар канораҳои шаҳри Свердловск сарнагун шуд. Ли-2 тайёраи ҳарбӣ ва мансуб ба неруҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Садама дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ба ҳалокат расид

Тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Дирӯз як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз Ёвон ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда чаппа шуд ва мусофири 33-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Заминларза дар Мексика ва Курил

Дар Мексика замин бо қувваи 5,5 балл такон хӯрд.   Мутахассисон гуфтаанд, ки ин заминларза умқи 10 километр дар масофаи 266 км аз Баубауро ларзонд.  Дар ҳамин ҳол аз заминларзаи дигар дар уқёнуси Ором хабар дода мешавад, ки қувваи он 4,9 балл будааст.

Бино ба иттилои расонашуда заминларзаи уқёнуси Ором дар наздикиҳои ҷазираҳои Курил, дар бахши сахалинии хадамоти...

Саҳифае аз таърих: Саду шасту ҳашт сол пеш дар чунин рӯзе...

168 сол пеш, дар чунин рӯзе фоҷеае рух дод, ки одамони зиёд талаф шуданд. Калонтарин киштии бухории чархии олам дар миёни оби уқёнус оташ гирифт. Аз 162 мусофири “Амазонка” танҳо 58 нафар зинда монданд, аз инҳо 11 нафар ақли худро бар асари даҳшате, ки дар сӯхтор диданд, аз даст доданд, девона шуданд.

Киштии «Амазонка» аз назари расонаҳои британиёӣ

ОҶИЛ: Наҷоти се тан аз зери тарма. Вазъ дар роҳи Душанбе-Айнӣ пурташвиш боқӣ мондааст

Лағзиши тарма рӯзи панҷшанбе, 2-уми январи соли равон хатари шадиде ба ҷони одамон дошт. Се нафар аз ҷумлаи кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS зери ғарами барфи азим монданд ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як тадбири муштарак бо кормандони IRS ин се танро аз зери барф берун оварданд.

Дар сели азими пойтахти Индонезия 21 нафар ба ҳалокат расиданд

Борандагии шадид дар Ҷакарто-пойтахти Индонезия муҷиби омадани сели азим шуд. То кунун аз марги 21 нафар гузориш дода шудааст. Мақомот мегӯянд ин шадидтарин борандагӣ зарфи 24 соли охир будааст. Созмонҳои ҳавошиносӣ, иқлимшиносии Индонези гуфтаанд, ки  як истгоҳи ҳавошиносӣ дар фурудгоҳи Ҷокартои шарқӣ 377 миллиметр борандагӣ дар як рӯзро сабт кардааст.

Аввалин тармаи соли 2020 дар Майхӯра. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад

Тағйири ҳаво, сардиҳо ва резиши барфи тар ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои баъзе манотиқи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Бар асари бориши шадиди барф аввалин тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба қайд гирифта шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад: АЗ САФАРҲОИ БИДУНИ ЗАРУРАТ ХУДДОРӢ НАМОЕД!

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020

Ҳамватанони азиз!

Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии

Тақвими рӯз: аз 1-ум то 6-уми январ

Тақвим. Ҳар рӯзи сарнавишти башар китоби хоноест. Ва ин рӯз бо шодиву сурур, ғаму кулфат, фоҷеаву нокомиҳо ҳамроҳ аст. Кас намедонад имрӯз, ки беғам мегузарад, оё фардо чунин хоҳад буд?  Ин тақвим мавзуъист. Мо аз таърихи ҳалатҳои фавқулода дар Тоҷикистон ва олам ёд мекунем, офатҳои табииро пеши назар меорем, аз фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Страницы