Тақвим. Ҳар рӯзи сарнавишти башар китоби хоноест. Ва ин рӯз бо шодиву сурур, ғаму кулфат, фоҷеаву нокомиҳо ҳамроҳ аст. Кас намедонад имрӯз, ки беғам мегузарад, оё фардо чунин хоҳад буд? Ин тақвим мавзуъист. Мо аз таърихи ҳалатҳои фавқулода дар Тоҷикистон ва олам ёд мекунем, офатҳои табииро пеши назар меорем, аз фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои наҷот, барномаҳои давлатӣ дар ин самт, стратегияҳои миллӣ қадам ба қадам ёд мекунем. Ин низ бахше аз таърихи мову оламест, ки дар он ҳаёт ба сар мебарем.
1 январи 1978. Садамаи ҳавопаймои Boeing 747 дар наздикии шаҳри Мумбайи Ҳинд. Ин бузургтарин ва маргбортарин сонеҳаи ҳавопаймоӣ буд, ки 1-уми январи соли 1978 дар баҳри Араб, наздикии шаҳри Мумбай ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷа 213 нафар кушта шуданд. Boeing 747-237B мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Air-India, тавлиди соли 1971 буд.
1 январи соли 2011. Дар сӯхтори ҳавопаймои Ту-154б (рақамаш RA-85588) дар Сургут се нафар ҳалок ва 43 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки тайёра барои парвоз омода мешуд. Як муҳаррики он оташ гирифт, оташ ба баки сӯзишворӣ расид, дар натиҷа таркиш ба амал омад. Ҳавопаймо пурра ба коми оташ рафт.
2 январи соли 1890. Дар сахраҳои ҷазираи Корсик (як ҷазира тобеъи кишвари Фаронса, чаҳорумин ҷазираи бузург дар баҳри Миёназамин, зодгоҳи Наполеони аввал-императори пешини Фаронса) бар асари садамаи киштии “Форс”-и Британия 130 нафар ба ҳалокат расиданд.
3 январи соли 2004. Сарнагунии ҳавопаймои Boeing 737 дар Шарму-ш-Шайх. Ин ҳавопаймо аз Шарму-ш-Шайх ба парвоз омад ва масири худро пас аз Қоҳира, мебоист ба Порис давом медод. Аммо баъди 2,5 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Шарму-ш-Шайх, бар фарози баҳри Сурх, 15 км дуртар аз соҳил, сарнагун шуд. Ҳамаи 148 нафаре, ки дохили он буданд, ба ҳалокат расиданд. Ин аз бузургтарин садамаи ҳавопаймои Боинг 737-300, ҳамчунин аз бузургтарин сонеҳаи ҳавопаймоӣ дар Миср будааст.
3 январи соли1994 дар ноҳияи Иркутски русия ҳавопаймои Ту-154 сарнагун шуд ва дар ин ҳолиса 125 нафар кушта шуданд.
4 январи соли 1852. Дар Атлантика калонтарин (бино ба навиштаи матбуоти Британия) киштии бухории чархии олам бо номи “Амазонка” оташ гирифт. Ҳудудан 100 нафар ба ҳалокат расиданд.
6 январи соли 2019 дар марзи Эрону Ироқ заминларза ба вуқуъ пайваст, ки 5,7 балл аз рӯйи ҷадвали Рихтер буд. Маркази он 136 километр ба самти шимолу шарқи Бағдод ва 87 килеметр ба самти шимолу ғарби шаҳри эронии Илом буд. 75 нафар захмӣ шуданд.
6 январи соли 2019 заминларза дар Кирмоншоҳи Эрон. 41 нафар дар шаҳри Қасри Ширин ва нуҳ нафар дар шаҳристони Гелони Ғарбӣ захмӣ шуданд.