Лағзиши тарма рӯзи панҷшанбе, 2-уми январи соли равон хатари шадиде ба ҷони одамон дошт. Се нафар аз ҷумлаи кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS зери ғарами барфи азим монданд ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як тадбири муштарак бо кормандони IRS ин се танро аз зери барф берун оварданд. Саломатии онҳо хуб арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин дирӯз бештар аз 100 нафар ронандагони мошинҳои дар иҳотаи тармамонда ва мусофирони онҳо бо талоши наҷотдиҳандагони КҲФ ва IRS ба макони амн интиқол дода шуданд. Дар айни замон роҳ ба самти ноҳияи Айнӣ баста аст.
Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ба далели боришоти шадид дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма ва резиши санг ҳамоно боқӣ мондааст. Бахусус дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ вазъ пурташвиш мебошад.
Чунончӣ, дар шабонарӯзи гузашта аз километри 55 то 74 роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ якчанд ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ВКД, ҳамчунин хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҳашт адад техникаи махсус ҷудо карда шудааст, ки саргарми корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ мебошанд. Ситоди бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода шабонарӯз фаъол аст.
2 январи соли 2020 дар натиҷаи лағзиши тарма дар километри 62 то 74 роҳи Душанбе-Айнӣ наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) аз зери ғарами барф се нафар кормандони ширкати IRS –ро берун овраданд. Бино ба охирин гузориш вазъи саломатии онҳо қаноатбахш аст.
Наҷотдиҳандагони КҲФ ва кормандони хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions бештар аз 100 ронандаи мошинҳо ва мусофиронеро, ки миёни тарма мондаву наметавонистанд ҳаракат кунанд, ба ҷойи амн интиқол доданд. Ба онҳо ғизои гарм ва макони будубоши муваққатӣ дар маҳалли истиқрори хадамоти IRS дар километри 72 роҳи Душанбе-Айнӣ дода шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон бо ин ба таваҷҷуҳи ронандагон мерасонем, ки дар айни замон ба иллати роҳандозии корҳои поксозии роҳҳо роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд баста аст.